То ҳол 471 ҳазору 256 мошин аз қайди нобудсозӣ ё “утилизатсия” гузашта, ба соҳибони онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода шудааст. Ин пардохти ҳатмӣ барои соҳибони нақлиёт дар кишвар аввали соли равон ҷорӣ гардида буд.
Дар ин бора Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати БДА ВКД дар як мусоҳибаи худ дар ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”-и ВКД Тоҷикистон хабар дода, ҳамчунин, дар робита ба омори муоинаи техникии мошинҳо ва омил ва роҳҳои пешгирӣ аз тамбашавӣ суҳбат кардаст.
Пардохт барои нобудсозии нақлиёт, ки дар тамоми давраи фаъолияти мошин як маротиба дода мешавад, бо қарори ҳукумат дар аввали соли равон ҷорӣ гардида буд.
Маблағи пардохт аз категорияи воситаҳои нақлиёт вобаста буда, барои соли 2024-ум аз 360 сомонӣ (5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) то 2880 сомонӣ (40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) мебошад.
- мототсиклҳо 360 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- мошинҳои сабукрав ва нақлиёте, ки аз 10 одам бештар мекашонанд 1584 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- камаз, кранҳо ё воситаҳои нақлиёти гаронвазн 2880 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда барои ҳисбоҳо муқарар шудааст.
Ин маблағ ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаст аст ва соли оянда бо зиёд шудани нишондиҳанда ҳаҷми он ҳам аз 15 то 220 сомонӣ зиёд мешавад (соли 2024-ум 1 нишодиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ аст ва соли 2025 75 сомонь мешавад).
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилони парлумон гуфта буд, ки он “бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст”.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки тасмими нобуд кардани мошинҳо ба далели теъдоди зиёди мошинҳои кӯҳна дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст.
То ҳол то ҳол маълум нест, ки нобудсозии воситаи нақлиёт дар куҷо ва чӣ гуна сурат мегирад.
510 ҳазор мошин аз муоинаи техникӣ гузаштаанд
Рустам Мирзомуродзода ҳамчунин дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки барои коҳиши тамбашавӣ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, сари вақт аз муоинаи техникӣ гузаштан ва пардохти андози давлатии истифодаи нақлиёт дар кишвар амалиёти “Муоинаи техникӣ” гузаронида шудааст.
Ба иттилои номбурда “то ба имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 510 000 воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ гузаштаанд”.
Ба гуфтаи вай, дар кишвар 50 нуқтаи ташхиси техникӣ ва 12 нуқтаи ташхиси техникии сайёр амал мекунад, ки “бо техникаву таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки дар онҳо корманд-мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи БДА ВКД фаъолият менамоянд”.
Қаблан, мақомот гуфтанд, ки дар пайи амалиёти навбатии “Муоинаи техникӣ”, ки 10 рӯз гузашт, 8 ҳазору 21 қонуншиканӣ ошкор шуда, барои ҳар як қонуншиканӣ ронандаҳо 216 сомонӣ ё 3 нишодиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ) ҷарима шуданд.
Зимнан, чанд сол пеш як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон собит кард, ки ширкати “Рушди рнаҳнавард”, ки дар кишвар масъули анҷом додани ташхиси ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт аст, амалан ҳеч хизмате анҷом намедиҳад ва ба ҷамъоварии даромад аз ҳисоби ташхиси “рӯи коғаз” машғул аст.
Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт, аз ҷумла 587 074 мошини сабукрав сабт шудааст. Даҳ сол пеш ин омор ба 389 ҳазор баробар буд.
Роҳбари БДА сабаби тамбашавӣ дар роҳҳоро гуфт
Роҳбари БДА сабаби тамбашавии нақлиёт дар роҳҳоро тавақуфи нодурусти баъзе ронандаҳо, истодан дар дар хатҳои дуюму сеюми роҳва убури ду хати рост аз сӯи ронандагон маънидод кард.
Қаблан Вазорати нақлиёт гуфта буд, ки яке аз сабабҳои тамбашавӣ дар роҳҳо “зиёд гардидани воситаҳои нақлиёт ва ё таъмири роҳҳо” аст.
“Барои пешгирӣ намудани омилҳои ба ин гуна ҳолатҳо мусоидаткунанда, сараввал бояд иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, новобаста ба он ки онҳо чӣ гуна воситаи нақлиётро идора мекунанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд, маданияти баланди шаҳрвандии худро нишон диҳанд”, - гуфтааст Рустам Мирзомуродзода.
Бояд гуфт, моҳҳои охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст. Мақомот бо гузаронидани рейдҳо ва дигар тадбирҳо мехоҳанд танбашавиро пешгирӣ кунанд, ки то ҳол самар наовардааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 декабри соли 2024
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста