Дар рӯзи сеюми маъракаи даъват ба сафи артиш шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Ёвону Данғара низ аз иҷрои нақшаи даъват хабар додаанд. Баъзеи онҳо ба наваскарон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим кардаанд
Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, ноҳияи Данғара дар рӯзи аввали оғози маъракаи даъват нақшаро пурра иҷро кардааст. Чандин нафар аз ин ноҳия ба таври ихтиёрӣ сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шудаанд.
Дар шаҳри Ваҳдат бошад, нақшаи даъватро пурра иҷро гардида, наваскарон бо баргузории маъракаи “кулчагазон” ба хидмати ҳарбӣ фиристода шудаанд. Ҳамчунин, дар ин ноҳия ба чанд нафар наваскарон, ки даври ронандагиро хатм намуда, ба сафи кувваҳои мусаллаҳ ихтиёрӣ шомил шуда буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, шаҳру ноҳияҳои дигар низ аз чорабиниҳои гуногуни вобаста ба маъракаи даъват ба артиш хабар медиҳанд. Аммо маълум нест, ки дар умум, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чанд дарсад иҷро гардидааст. Мақомот то ҳол омори дақиқе ироа накардаанд.
Дирӯз, 2-юми октябри соли ҷорӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии минтақаи Рашт, ноҳияи Фархор ва ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз иҷрои пурраи нақша хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати ҳарбии тирамоҳиро 31-уми август имзо кард ва тибқи он, аз 1-уми октябр маъракаи даъват ба артиш оғоз гардида то 30-юми ноябр идома меёбад. Дар асоси он, дар маъракаи тирамоҳӣ ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.
Ҳамасола бо оғози маъракаи даъват ба артиш шикояти сокинон аз манотиқи гуногуни кишвар оид ба ҳолатҳои бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш низ расонаӣ мешавад.
Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии пулакӣ низ ҷорӣ шудааст, ки қисме аз ҷавонон метавонан аз он истифода баранд.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста