Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ба пардохти маблағи ҷубронпулии сарбоз Шаҳбол Мирзоев тасмим гирифт.
Баъди чандин маротиба муроҷиат кардан, Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумита имрӯз 18 декабр аз ҷониби ҷабрдида дархост намудааст, ки барои ирсол намудани маблағ мувофиқи қарори суд рақамҳои суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро пешниҳод намоянд.
Тавре дар сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо истинод ба адвокати ҷабрдида Гулчеҳра Холматова дар ин робита зикр мегардад, ирсоли маблағ тибқи Варақаи иҷрои ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ки Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро барои пардохти пурраи маблағи муйяншудаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ уҳдадор карда буд, сурат мегирад.
Гуфта мешавад, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон қаблан ҳатто розӣ набуданд ин маблағи ҷубронро пардозанд. Сардори маркази матбуотии Сарраёсат Муҳаммад Улуғхоҷаев он вақт хабар дода буд, ки роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳукми суд розӣ нест ва ният дорад аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод намояд.
Ёдрас мекунем, ки суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 22 ноябри соли 2016 оид ба ин мурофиа Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ барои зарари маънавӣ (ҷамъ 5 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира) ба Шаҳбол Мирзоев уҳдадор карда буд.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста