Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин рӯз аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамасола, 23-юми феврал дар Тоҷикистон расман ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил мешавад.

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборак бод!

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 ФЕВРАЛ

Соли 1925 – Дар Душанбе аввалин беморхонаи ҷумҳуриявӣ – “Беморхонаи ҷарроҳии чашм” кушода шуд.

Соли 1965 – Аввалин маротиба Заводи яхдони Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 1993 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин рӯз аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамасола 23-юми феврал расман ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Соли 2010 – Бо қарори Маҷмаи умумии СММ ҷашни "Наврӯз" мақоми байналмилалӣ гирифт.

Соли 2017 – Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон соҳиби иншооти нави таълимӣ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1931 – Мавлуди Шароф Маҳмудов, ҳуқуқшинос, собиқ вазири адлия ва раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Шароф Маҳмудов

Шароф Маҳмудов факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти худро ба ҳайси додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1971-1978 муовини вазири адлия ва солҳои 1978-1990 вазири адлияи Тоҷикистон буд.

Вай соли 1990 раиси Додгоҳи олии Тоҷикистни таъин гардид ва то соли 1994 дар ин вазифа кор кард. Баъд  бознишаста шуд.

Шароф Маҳмудов 25 августи соли 2020 дар синни 90-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1935 – Ином Бобоҷонов, химик, номзади илмҳои физика ва математика 90 сола шуд.

Ином Бобоҷонов яке аз поягузорони таҳқиқоти физикаи ҳастаӣ дар Тоҷикистон буда, дар ташкили кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ ва Эксперименти машҳури "Помир" саҳми арзанда доранд. Муаллифи мақолаву китобҳои зиёде ҳастанд, ки барои донишҷӯёну муҳаққиқон арзишманд аст.

Соли 1946 – Мавлуди Шариф Назаров, футболбоз (ҳимоятгар) ва муррабии шинохтаи тоҷик.

Шариф Назаров

Соли 1976 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва соли 1983 Мактаби олии мураббиёнро хатм намудааст.

Соли 1986, пас аз рафтани Юрий Сёмин аз дастаи овозадори “Помир”, Шариф Назаров сармураббии даста шуд ва соли 1988 онро ба лигаи олии чемпионати ИҶШС роҳнамоӣ кард. Соли 1989 барои мураббигӣ ба Миср рафт ва дар дастаи маҳаллии «Ал-Марих» кор кард. Аз соли 1990 боз сармураббии «Помир» гардид.

Соли 1992, баъди пошхӯрии ИҶШС, Шариф Назаров низоми футболи кишварро аз нав ташкил дод. Ҳамзамон, ӯ сармураббии тими миллии Тоҷикистон шуд ва бо он дар мусобиқаҳои гуногун иштирок кард.

Солҳои 1994—1995 дар Ӯзбекистон бо дастаи «Навбаҳор» кор кард. Соли 1997 ба Тоҷикистон баргашт ва бори дигар «Помир» эҳёшударо сарварӣ кард. Солҳои 1998—2001 сармураббии дастаи «Варзоб» буд, ки бо он се маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардид. Солҳои 2001—2002 сармураббии «Фаррух» (Ҳисор), солҳои 2003—2005 сармураббии «Авиатор» (ки баъдтар «Парвоз» ном гирифт), солҳои 2006—2007 сармураббии «ХИМА» (Душанбе) буд.

Ҳамзамон, Назаров чандин маротиба тими миллии Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст — солҳои 1999, 2003, 2005—2006.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе мактаби футболи худро таъсис дод.

Соли 1963 – Мавлуди Лола Азизова, овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Лола Азизова

Лола Азизова, ки яке аз сарояндагони пешгоми “Шашмақом”, Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро соли 1982 ҳамчун овозхони дастаи бонувони рубобии Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд ба ҳайси сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радио ва овозхони дастаи ҳунарии “Дарё” фаъоляият кардааст.

Лола Азизова офарандаи маҷмӯи таронаҳои халқию касбии “Афсонаи ишқ”, “Нилуфар”, “Рубоиҳои саргаҳи Зарафшон”, “Наврӯз”, “Ганҷи дил”, “Шаби борон”, “Алла” аст.

Пиромуни корнома ва эҷоди Лола Азизова дар мусоҳибаи "Азия-Плюс" бахшида ба 60-солагии сароянда дар матлаби Лола Азизова: Дар ҷодаи санъат худамро қурбон кардам мутолиа кунед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 2010 дар 64-умин сессияи Маҷмаи умумии СММ "Наврӯз" ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Ин таъкид мекунад, ки "Наврӯз" рамзи эҳёи табиат, эҳтиром ба фарҳангҳи гуногун ва ҳамдилии мардум аст. Ҷашни "Наврӯз" соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО  дохил гардида буд.

Таҷлили ҷашни "Наврӯз"
Акс аз Дидор Саъдуллоев

Ҳамасола дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо "Наврӯз"  дар сатҳи байналмилалӣ истиқбол гирифта мешавад.

23 феврали соли 1874 барои майдони бозии теннис патент гирифта шуд. Он ба таъсиси аввалин клуби ин бозӣ дар майдони Лимингтон, ки соли 1872 таъсис ёфта буд, рабт мегирад. Онро Хоа Перейра, Фредерик Хейнс ва Уэлсли Томкинсон, ки португалӣ буданд, таъсис доданд. Онҳо майдони теннисро тарҳрезӣ карданд, ки соли 1874 барои он патент гирифтанд.

Акси марбут

Имрӯз теннис яке аз намуди варзиши олимпӣ аст.

Соли 1959 дар ҳамин рӯз дар Страсбург аввалини сессияи Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон кушода шуд. Ин додгоҳ як дастгоҳи додгоҳӣ буда, ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар саросари давлатҳои узви Шӯрои Аврупо масъул аст.

Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон имрӯз аз 47 додрас иборат аст, ки ҳар яки онҳо ба муддати 9 сол интихоб мешаванд ва метавонанд танҳо як маротиба ба ин вазифа интихоб шаванд.

Бинои Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон
акс аз шабкаҳои иҷтимоӣ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0-5º сард то 0+5º, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо  то 3+8º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5º гарм, рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, рӯзона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 19+21º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.