Дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе мурофиаи судӣ оид ба таъини ҷубронпулӣ аз рӯи парвандаи сарбози латукӯбшуда ҳангоми хизмат Шаҳбол Мирзоев ба итмом расид.
Дилшод Ҷӯраев, намояндаи Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ барои зарари маънавӣ (ҷамъ 5 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира) ба Шаҳбол Мирзоев уҳдадор кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби ҳимоя бо ин қарори суд розӣ набуда, вале пас аз гуфтугӯ бо волидони Шаҳбол доир ба шикоят аз болои ин қарор тасмим гирифта мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки барои хароҷоти марбут ба муолиҷаи Шаҳбол Мирзоев дар вилояти Маскав ба волидони ӯ лозим омадааст, ки аволиашон - хона ва автомашинаашонро фурӯшанд.
Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта, дар ҷараёни мурофиа оид ба ин парванда, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ аз суд дархост намуд, ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Баъди мавриди амал қарор гирифтани ду қонуни авфи ахир, аз муҳлати ҷазои ӯ камтар аз се сол боқӣ мондааст.
Моҳи майи соли 2015 Суди гарнизони Душанбе дар бораи қисман қонеъ кардани даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев оид ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ ҳалнома содир намуд. Суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 97 ҳазору 265 сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ ва ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ (аз 180 ҳазор сомонии талабшуда) ба даъвогар уҳдадор кард, лекин баъди ин ҳам ҷонибҳо аз даъвоҳояшон даст накашида, моҳи августи соли 2015 Ҳайати мушовараи Суди олии Тоҷикистон бо баррасии шикоятҳои таҷдиди назари тарафҳо, қарори суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 25 майи соли 2015-ро комилан бекор шумурда, парвандаро ҷиҳати баррасии нав ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе фиристод.