Суди гарнизони Душанбе дар бораи қисман қонеъ кардани даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев оид ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ ҳалнома содир намуд.
Ҳамин тариқ, суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 97 ҳазору 265 сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ ва ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ (аз 180 ҳазор сомонии талабшуда) ба даъвогар уҳдадор кард.
Моҳи ноябри соли 2014 наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоев, ки аз ҷониби ҳамхизматаш лату кӯб шуда буд, барои ҷуброни зиёни маънавӣ ва моддӣ дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ (97 ҳазор - зарарӣ моддӣ ва 144 ҳазор - зарари маънавӣ) даъво карданд.
Дилшод Ҷӯраев, адвокати Шаҳбол Мирзоев изҳор намуд, ки рӯзи 15 апрел зерҳимояи ӯ тариқи скайп дар мурофиаи судӣ ширкат варзида, гуфтааст, пас аз муолиҷа дар Русия вазъи солимии ӯ беҳтар шудааст, «яъне дар сурати идомаи муолиҷа, вазъаш боз хубтар шуда метавонад».
Адвокат ҳамчунин зикр кард, ки зерҳимояи ӯ дар бораи ҳодисаи рухдода, ки ба маъюбии ӯ боис гардид, ба иштирокчиёни мурофиаи муфассал маълумот додааст.
Номбурда қайд кард, ки дар мурофиа ҳамчунин Нафисахон Юнусова, коршиноси кафедраи равоншиносӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии идоракунии назди президенти ҶТ низ ҳузур доштааст, ки ҷой доштани зарари маънавии расонидашуда ба Шаҳбол Мирзоево тасдиқ кардааст.
«Юнусова мутобиқи ҷадвали профессори рус Эрделевский ҳаҷми зарари маънавии расонидашударо тақрибан 180 ҳазор сомонӣ арзёбӣ намуд. «Баъди ин дар аризаи даъвогии худ, мо адвокатҳои Шаҳбол Мирзоев, аз идораи зикршуда пардохти зарари моддӣ дар ҳаҷми 97 ҳазору 265 сомонӣ ва зиёни маънавӣ ба маблағи на 144 ҳазор сомонӣ, балки 180 ҳазор сомониро талаб дорем», - гуфт Ҷӯраев.
Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта, дар ҷараёни мурофиа оид ба ин парванда, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ аз суд дархост намуд, ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда , гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста