Дар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд парвандаи сокини 48-солаи шаҳри Истаравшан Илҳом Қурбонов, ки ҳамсарашро назди кӯдак бераҳмона кушта буд, баррасӣ шуд.

Судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Анвар Абдуғаффорӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Қурбонов қаблан 2 бор суд шуда, бекор буд ва ин масъала гоҳ-гоҳ ба баҳсу муноқиша бо ҳамсараш боис мегардид.

“Шоми 27-уми декабри соли 2019 пас аз муноқишаи навбатӣ Қурбонов дар ҳузури духтари ноболиғаш ба ҷисми ҳамсараш Гулрӯ Муллоева бо корд 13 маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористони Истаравшан ҳалок мешавад”, - иброз дошт судя.

Зимнан илова шуд, ки маҳкумшуда муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.