Ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ки ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳабс шуд, боз бо як моддаи КҶ ҶТ - муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаи замин айбномаи нав пешниҳод шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хабар дод.

Прокурори генералии ҷумҳурӣ овозаҳои бо дастури Иноятзода ба фурӯш гузошта шудани кумаки башардӯстонаи ба шаҳр воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббиро рад кард.

Аз идомаи шарҳи қазияи мазкур Юсуф Раҳмон худдорӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли 6 моҳи соли равон мақомти прокуратура нисбати зиёда аз 600 қарори раисни шаҳру навоҳӣ дар мавриди ғайриоқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин ба аҳолӣ эътироз овардааст.

“Нисбати зиёда аз 3,2 ҳазор нафар мансабдорон аз рӯйи далели муомилоти ғайриқонунӣ дар ҷудо гардидани қитъаи замин парвандаҳои маъмурӣ ва 512 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, - гуфт прокурори генералӣ.

Зимнан зикр шуд, ки ҳудуди 6,3 ҳазор гектар замин ба нафъи давлат баргардонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.