Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (хлопушка) сокини 15-солаи шаҳри Душанберо боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 13 ҳазору 500 дона маводҳои тарфгарии пиретохникӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД ҶТ, маводҳои гирифташуда коршоям мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мавсими “шикор”-и маснуоти тарфгарӣ оғоз мебахшанд; он аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, нуқтаи авҷаш ба рӯзҳои таҷлили ҷашни Соли нав рост меояд.

Мувофиқи моддаи 199 (илов. 1) Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ) ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.