Қурмонқул Зулушев, Додситони кулли Қирғизистон рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро, ки баъди ҳодисаҳои марзӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт шуда буданд, ба ихтиёри Қирғизистон супурд. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз алайҳи шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки надониста марзи ду кишварро убур кардаанд, парвандаи ҷиноӣ вуҷуд надорад.
«Чунин масъалаҳо бо тафоҳум ҳал мешаванд, - афзуд ӯ.- Перомуни ин масъала соли гузашта дар шаҳри Бодканд бо Додситони кулли Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир кардем, дар ҷараёни он тамоми масъалаҳо баррасӣ шуд».
Зулушев хабар дод, ки дар Тоҷикистон 22 шаҳрванди Қирғизистон маҳкум шудаанд. Нисбати 7 шаҳрванди Қирғизистон дархости хешовандон барои интиқол ба Қирғизистон гирифта шуда, онҳо дар Раёсати корҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.
Зикр шуд, ки аз ин афрод 20 нафар барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, 1 нафар барои куштор, 1 нафар барои ҳамкорӣ бо созмони ифротӣ маҳкум шудаанд.