Сарвазири Русия Дмитрий Медведев бар ин назар аст, ки “дар асри XXI Қирғизистон лимитҳои худро ба инқилоб аллакай батамом истифода кардааст”.

Зимни ташриф ба Қирғизистон дар мавриди шарҳи ҳодисаҳои марбут ба боздошти собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва муқовимати ҷонибдорони ӯ ба нерӯҳои ҳукумат ӯ чунин изҳори назар кардааст, хабар медиҳад Коммерсант.

“Хеле бад мешавад, агар ба ин монанд ҳодисаҳо ба бесуботии сиёсӣ ва мутаносибан иқтисодӣ оварда расонанд, ин ба шумори хеле зиёди одамон, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла ба лоиҳаи авруосиёии мо низ”, - гуфтааст ӯ дар шаҳри Чолпон-Ота, ки дар он ҷо имрӯз, 9 август ҷаласаи Шӯро байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи дуюм (8 август)-и амалиёти боздошти собиқ президенти Қирғизистон ба кормандони мақомоти қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд. Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд.

Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26 август дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба 24.kg адвокати ӯ Сергей Селесарев хабар додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.