Шоми 11-уми ноябр дар доираи иштирок дар чорабиниҳои Ҳамоиши Порис оид ба сулҳ суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли СММ Антониу Гуттериш ва раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон доир шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти суҳбати озод оид ба робитаҳои дуҷониба бо СММ ва Фаронса, инчунин доираи васеъи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии Ҳамоиш табодули афкор сурат пазируфт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гуттериш

Антониу Гуттериш нақши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии СММ созгор донист. Эммануэл Макрон натиҷаҳои сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамоиши Порис оид ба сулҳ бори нахуст моҳи ноябри соли 2018 баргузор шуд. Он барои ҳалли мушкилоти доимо пайдошавандаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи усули бисёрҷониба нақши муҳим дорад. Он ҳамаи иштирокдорони равандро муттаҳид месозад ва таҳияи қарорҳои мушаххасро оид ба танзими глобалӣ осонтар мекунад.

Дар ин Ҳамоиш, ки рӯзҳои 12-13 ноябр дар Толори бузурги боғи Ла-Виллет дар Порис доир мешавад, иштироки қариб 6 ҳазор нафар дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.