Дар Шӯрои Федератсия номзад ба вазифаи вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев хабар дод, ки муҳоҷирон ҳамагӣ дар 4%-и ҷиноятҳо дар ин кишвар даст доранд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
“Дар мавриди сатҳи ҷинояткорӣ ин рақам начандон баланд аст. Ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда дар сурати умум 4%-ро ташҳкил медиҳанд”, - иброз доштааст ӯ рӯзи 14 май дар ҷаласаи пленарии Шӯрои Федератсия.
Дар ҳамин ҳол, Колоколтсев эътироф кардааст, ки рафтори муҳоҷирон дар ҷомеа нигаронӣ ба бор меорад.
“Ва мо маҷбурем, ки баъзе ҳолатҳои ҷудогонаро ба инобат гирем. Онҳо тавре рафор мекунанд, ки тамоми ҷомеаро ба изтироб меорад”, - гуфтааст ӯ.
Вазир доир ба тағйирот дар раванди танзими муҳоҷирати корӣ ва пурзӯр шудани назорат аз болои хориҷиёни ба кишвар воридшуда маълумот додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои дохилии Русия ба омода кардани ислоҳот дар соҳаи муҳоҷират машғул буда, аллакай аз ҳозир амалҳои ин ниҳод ба пурзӯр кардани назорат ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия равона шудааст.
Он ҷиҳати ба тартиб даровардан ва қонунигардонии будубоши онҳо, аз зери соя берун овардани ҳарчи бештар муҳоҷирон ва назорати шадидтар аз болои онҳо нигаронида шудааст.
“Мо набояд аз ҳад гузаронем. Мо набояд ба афзоиши рӯҳияи бегонситезӣ ва тадбирҳои беасоси таъсиррасонӣ ба ин шаҳрвандон роҳ диҳем. Душманони стратегии мо мехоҳанд, ки дар дохили кишвари мо вазъият байни табақаҳои гуногуни аҳолиро шиддат бахшанд ва бо табассум бубинанд, ки мо чӣ ҳол дорем. Мо набояд ба ин роҳ диҳем”, - таъкид доштааст роҳбари ВКД.
Қаблан намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дар бораи ба поён расидани таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи сангинтар кардани қонунгузории муҳоҷират хабар дода буд. Дар ин санад як қатор тағйирот дар соҳаи қонунгузории муҳоҷират пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, муҳлати будубош шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия то 90 рӯз дар давоми соли тақвимӣ кам карда мешавад. Ҳамчунин ҳатман супоридани изи ангуштон (дактилоскопия) ва суратгирии ҳамаи шахсони ба ишвар воридгардида ҷорӣ мешавад.
Давоми чандин сол мақомдорони баландпояи Русия, махсусан роҳбари Кумитаи тафтишоти ин кишвар Александ Бастрикин даъво пеш меоварданд, ки дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ ҷиноят содир мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби онҳо сол аз сол афзоиш меёбад.
Баъди як қатор чунин изҳорот “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки муайян кунад - оё воқеан ҳам муҳоҷирон дар Русия ин қадр зиёд ҷиноят содир мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар ин кишварро давоми 5 соли охир муқоиса кунад.
Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи мо - “Фактчек. Дар Русия муҳоҷирон воқеан аз ҳама бештар ҷиноят содир мекунанд?” қобили дарёфт аст.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста