Дар доираи сафари расмӣ ба Тошканд раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо бино ва иншооти нав дар пойтахти Ӯзбекистон шинос шуд.

Зимнан шаҳрдор аз Қасри яхмолакбозии Humo Arena ва иншооти он боздид кард. Дар сохтмони ин маҷмаа аз дастовардҳои муосири меъморӣ, технологияҳои пешрафта ва меъмории миллӣ истифода шудааст.

Тавре дар саҳифаи ҳокимият (шаҳрдорӣ)-и Тошканд дар Facebook хабар дода мешавад, аъзои ҳайат ҳамчунин аз боғи Наврӯз, бинои нави Раёсати пулиси ноҳияи Юнусобод, Tashkent City ва осорхонаи мадам Тюссо боздид карданд.

1/12

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.