Иштироки раъйдиҳандагон дар як қатор ҳавзаҳои ҷумҳуриявии интихоботӣ дар Хатлон то соати 10-и имрӯз аз 50% гузаштааст.

Тавре аз ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявии Кушониён-27 хабар доданд, 55,6 дарсади овоздиҳандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, райъи худро додаанд. Ҳамзамон дар ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун-33 сари сандуқи раъйдиҳӣ 61 фоизи интихобкунандагон рафтаанд. Дар ҳавзаи Бохтар-26 то соати 10 аллакай 40,2% овоз додаанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар қитъаи интихоботии №5-и ҳавзаи интихоботии Бохтар-26 раъй дод. Вақте ӯ баргаҳои худро ба сандуқи раъйдиҳӣ мерехт, гуфт: “Барои ободии Ватан овоз медиҳем”.

Раиси вилоят дар қитъаи мазкур ба якчанд ҷавононе, ки бори аввал ба интихобот омадаанд, китоб ва гулдаста туҳфа кард.

Ҳамзамон Қурбон Ҳакимзода ба мушоҳидони байнулминалӣ аз Қазоқистон, ки дар ин қитъаи интихоботӣ ҳузур доштанд, хайрамақдам гуфт.

1/12

Дар ҳамин ҳол, аз Комисия интихоботи маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон хабар доданд, ки то соати 10 дар ҳамаи участкаҳои интихоботии вилояти Хатлон 41,5% райъдиҳандагон ҳозир шудаанд.

Дар чанд ҳавзае, ки хабарнигори “Азия-Плюс” бо масъулинашон суҳбат кардааст, иброз доштаанд, ки то он дам аз ягон ҳизби сиёсӣ ва ё намояндагони онҳо шикояте ворид нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.