Рӯзи 22 июл дидори маҷозии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Чин дар Душанбе Лю Бин баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, масъалаҳои амалисозии пружаҳои муштараки зерсохторӣ дар Тоҷикистон меҳвари мулоқоти мазкурро ташкил доданд.

Гуфта мешавад, зимни баррасии масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ ҷалб кард, ки мавзӯи марбут ба марзи давлатии ду кишварро ба гунаи ғаразнок бозтоб намудаанд.

“Дар ин замина ва бо назардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар, таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои лозим андешанд”, - таъкид мешавад дар хабари Вазорат.

Қобили зикр аст, ки ахиран ВАО-и Чин маводеро зери унвони “Таджикистан инициировал передачу Китаю его земель и потерянные горы Памира были возвращены истинному хозяину” (Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли заминҳо ба Чин ташаббус нишон дода, кӯҳҳои аздастрафтаи Помир ба соҳиби аслиаш баргардонида шуданд) чандин маротиба нашр карданд.

Дар ин мақола танҳо аз сарчашмаҳои чинӣ истифода шуда, дар он ақидаи таърихшиносони тоҷик ва истинод ба дигар ҳуҷҷатҳои таърихӣ оварда нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.