Дар радабандӣ (рейтинг)-и нави созмони демократия ва ҳуқуқи инсони Freedom House (Хонаи Озодӣ) ҳамаи панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба сафи кишварҳои “худкомаи пурзӯр” шомил гардиданд.

Дар гузориши ҳамасолаи худ Freedom House ба сатҳи демократия дар кишварҳои собиқи коммунистии Аврупо, нимҷазираи Балкан ва Авруосиё баҳогузорӣ мекунад.

Вазъият тибқи категорияҳое чун идоракунии миллии демократӣ, ҷараёни интихобот, ВАО-и мустақил, идоракунии маҳаллии демократӣ ва коррупсия арзёбӣ мешавад.

Ҳар кадоме аз категорияҳо аз 1 то 7 балл бо ҳисоби нишондиҳандаи миёна: 7 - аз ҳама баланд ва 1 - аз ҳама паст баҳогузорӣ мешавад.

Дар радабандӣ 8 кишвар аз 29 давлат дар категорияи бадтарини “режими пурзӯри худкома” боқӣ монданд.


Миёни онҳо Беларус, Озарбойҷон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зикр шуда, ба ақидаи муаллифони радабандӣ, ҳукумати ин кишварҳо “аз уҳдадории асосии ҳама гуна давлат оид ба ҳифзи ҷисмонии аҳолӣ даст кашида, ба ҷойи ин ба ҳаёт ва амнияти бисёре аз шаҳрвандон хатари мустақим эҷод кардаанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.