Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ба гунае робита доштанаш бо собиқ 10 нафар кормандони Агентии зиддифасодро, ки дар ришвахорӣ муттаҳам дониста шуда, ба наздикӣ ба маҳкама кашида мешаванд, қотеъона рад кард.

Ёдрас мекунем, ки Абдуфаттоҳ Ғоиб муддати 6 сол ба ҳайси роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон кор кардааст.

Asia-Plus

“Ман он ҷо 6 сол кор кардам. Шахсоне, ки ба содир кардани ҷиноятҳо айбдор карда мешаванд, пеш аз ман дар он ҷо кор мекарданд. Масалан, Фирӯз Холмуродзода дар мансаби сардори шуъба кор карда, Фахриддин Бозоров сармуфаттиш буд. Якчанд сол ҳамроҳ кор кардани ман ба онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки онҳо кадрҳои ман мебошанд. Шояд маро баъди чанд сол ба мақомоти дигар мефиристанд ва дар ин ҷо низ агар касе ҷиноят содир кунад, магар ман гунаҳкорам?”, - иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ду корманди Хадамоти гумрук - Фахриддин Бозоров ва Фаридун Беназирзода низ ҳангоми кор дар Агентии зиддифасод барои содир намудани ҷинятҳои коррупсионӣ боздошт шудаанд.

Абдуфаттоҳ Ғоиб ҳамчунин овозаҳо дар бораи гӯё дар замони боздошти кормандони Агентии зиддифасод мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанашро дурӯғу беасос хонд.