Имрӯз, 5 май ваколатҳои вакил Абдураҳим Холиқзода, ки 27 апрел тибқи амри президент ба вазифаи директори МД “Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон” таъин шуд, қатъ мешаванд.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, бе баргузор намудани интихоботи ғайринавбатӣ ба ҷойи ӯ дигар шахс вакили парлумон мешавад.
“Холиқзода моҳи марти соли 2020 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакил интихоб шуда, баъди парлумонро тарк кардан, ҷойи ӯро бе баргузории интихоботи нав номзади минбаъда аз рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ишғол мекунад. Ин номзад узви ҲХДТ Файзалӣ Идизода мебошад”, - гуфт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ.
Ёдрас мекунем, ки Файзали Идизода 4 май бо амри президент аз вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат озод карда шуд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.
Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.