Ширкати “Барқи тоҷик” қарордоди ду рӯз пеш, 24-уми ноябр, бо ширкати “Брешно” оид ба фирӯши барқ имзошударо шарҳ дод.
“Созишномаи фурӯши барқ бо ширкати “Брешно” - и Афғонистон ҳамасола баста мешавад (то соли 2028), ки дар замони ҷорӣ набудани маҳдудияти дохилӣ амал мекунад. Содирот аз моҳи май то сентябр давом меёбад”, - гуфт Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”.
Ӯ гуфт, дар тобистон, ки об бидуни агрегат беҳуда сарф нашавад, ширкати “Барқи Тоҷик” бо ширкати “Брешно” шартнома мебандад ва дар доираи он ба Афғонистон барқ интиқол медиҳад.
“Ин ба маҳдудияти давраи зимистон ягон алоқамандӣ надорад ва аз даврае, ки маҳдудият дар дохили кишвар шуруъ мегардад, барқи истеҳсолшуда танҳо дар дохили Тоҷикистон истифода мешавад”, - зикр кард Қурбон Аҳмадзода.
Бояд гуфт, қарордод дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 ду рӯз пеш, 24-уми ноябр, миёни ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва “Брешно” дар Туркия имзо шуд.

Онро Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик” ва Абдулборӣ Умар, роҳбари ширкати “Брешно” имзо карданд. Аммо ҷузъиёт аз ин қарордод зикр нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон соли 2008 имзо шудааст ва то соли 2028 амал мекунад. Ахири ҳар сол ҷонибҳо барои соли минбаъда протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ ва нархи он муайян карда мешавад.
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн доллар қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Саломатии кӯдаке, ки дар Хуҷанд зери мошин монд, муътадил арзёбӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста