Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми сентябр баргузор шуд, лоиҳаҳои Нақшаи амали солҳои 2024-2026 ва Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, аъзои ҳукумат ҳамчунин Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029, рақамикунонии равандҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва оператори системавӣ дар низоми энергетикии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 маълумот дод.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Ӯ зикр кард, ки мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, вусъати “иқтисоди сабз”, ҳалли мушкилоти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим мебошад.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Эмомалӣ Раҳмон
Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Сипас дар бораи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар соли 2028 гузориши вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳисоби шахсони масъули ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи президент ва вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи тадорукот оид ба баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд таъсис дода шавад.

Супориш дода шуд, ки Кумитаи тадорукот якҷо бо сохторҳои дахлдори СММ нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории конфронсро дар муҳлати 1 моҳ таҳия ва тасдиқ намуда, ба ҳукумати Тоҷикистон ҳисобот манзур намояд.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Ҳамчунин оид ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Дастур дода шуд, ки лоиҳаи дурнамо то 1 июни соли 2025 барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ғайр аз ин, аъзои ҳукумат лоиҳаи қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни ҶТ “Дар бораи собиқадорон”-ро муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карданд.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Дар фарҷоми маҷлис сарвари давлат таваҷҷуҳи масъулинро  ба ҷоннок кардани кори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ривоҷ додани касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои калонсолон ва рушди ҳунармандӣ ҷалб намуд.

Сарвари давлат ба ҳукумати кишвар ва дигар муассисаҳо инчунин доир ба ташкили сатҳи баланди зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи озуқа ва сӯзишворӣ барои тамоми соҳаҳо, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дастуру супоришҳо дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.