Намояндагони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бори дигар дар Душанбе гирдиҳам омаданд ва омодагиҳо ба сохтмони метро дар шаҳри Душанберо баррасӣ карданд. Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрӣ рӯзи 27-уми сентябр бо ширкати Азим Иброҳим вазири нақлиёт, Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдо, Фирдавс Саидзода муовини шаҳрдори Душанбе, Ҷон Сонг Шик сафири фавқулода ва мухтори Корея дар Тоҷикисто, Банг Мундҷин менеҷери ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея”, чанд корхонаи кореягӣ, ки ба сохтмони метро ҷалб шудааст, инчунин, мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёти ҳарду кишвар баргузор шуд.

Азим Иброҳим гуфтааст, зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани аҳолии пойтахт ва меҳмонони он вобастагӣ дорад.
Ба таъкиди ӯ, сохтмони метро аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавии оянда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пешгирӣ мекунад.
“Тибқи хулосаи пешакӣ, бо назардошти тамбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе, зарурати сохтмони метрои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе ба мақсад мувофиқ мебошад”,-таъкид кардааст ӯ.
Вазир ҳамчунин изҳор доштааст, ки сохтмони метрои зеризаминӣ дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе низ пешбинӣ гардидааст.

Дар бораи макони бунёди роҳи зеризаминӣ маълумот дода нашудааст ва ҳамчунин маълум нест, ки корҳои сохтмони метро кай оғоз мегардад.
Дар ҳаимн ҳол, қаблан Раҳим Бобозода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки аз Дарвозаи ҷанубӣ (самти минтақаи Бохтар) то бинои Сирки давлатӣ бунёди метрои рӯизаминӣ ба масофаи беш аз 10 км ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2019 як манбаъи “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки нахустин хатти рӯйизаминии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.
Ин бори аввал нест, ки коршиносони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе м ҷамъ омада натиҷаҳои марҳилаи аввали имкони сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Қаблан, низ онҳо чанд маротиба гирдиҳам омада дар бораи чӣ гуна метро - зеризаминӣ ё рӯизаминӣ шудани онро баррасӣ карда буданд.
Бояд гуфт, ки 1-уми марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея”, дар хусуси ҳамкории ҳамаҷониба дар лоиҳаҳои рушди роҳи оҳан дар Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи метрои шаҳри Душанбе ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Баъдан 22 августи соли 2023 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Кореяи Ҷанубӣ («Эксимбонк») ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метрополитен дар Душанбе ёддошти тафоҳум ба тасвиб расониданд. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки инчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ маблағгузорӣ кунанд.
Гуфта мешавад, Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад.
ВАО аз ҳалокати 8 коргари афғон дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Марги ду тан” қисми 2
Дар Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боз мешавад. Он барои чӣ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 майи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста