Дар шаҳри Душанбе як ҷавони 24-сола бо гумони даст доштан дар маҷбур кардани ҷавондухтарони ноболиғ ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ боздошт шудааст.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ромиш Султонзода , сокини пойтахт дастгир карда шуд.
“Муайян карда шуд, ки Султонзода бо роҳи таҳдид ва истифодаи зуроварӣ, се ҷавондухтари ноболиғро ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намуда, дар баробари қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ, ҳамзамон онҳоро ҳамчун манбаи ба даст овардани маблағ истифода кардааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Милитсияи пойтахт аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса хабар надодааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда дар маркази дилхушии «Бухоро Палас», Ибодат Насриддинова, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо латукӯб намуда, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар хабари Раёсати ВКД зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба бо ҷурми авбошӣ суд шудааст
Ҷазо барои зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон
Тавре ки аз маълумоти оморӣ бармеояд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон на ҳамеша аз тамоми ҳолатҳои таҷовуз ва амалҳои бадахлоқӣ, аз ҷумла нисбат ба ноболиғон, бохабар мешаванд. Хешовандони қурбониён аксар вақт далелҳои зӯровариро пинҳон мекунанд, зеро ошкор шудани чунин ҳолатҳо, бахусус нисбат ба кӯдакон, метавонад ба канорагирии иҷтимоӣ аз худи ноболиғ ва падару модари ӯ дар ҷомеаи суннатии тоҷик боис гардад.
Дар ин робита, моҳи ноябри соли 2023 парлумони Тоҷикистон ҷазо барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғонро сахттар кард. Ба моддаи 142 Кодекси ҷиноятии ҶТ тағйирот ворид гардида, мувофиқи он, барои ҳаракатҳи бадахлоқона “нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида” аз 5 то 8 соли зиндон бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо пешбинӣ шудааст. То ин замон барои ҳаракати бадахлоқона нисбати шахсони баръало ба синни 14 нарасида, аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ шуда буд.
Ғайр аз ин, дар дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии кишвар низ барои чунин ҷиноятҳо ҷазо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 138 (Таҷовуз ба номус) ба муҳлати аз 7 то 12 сол ва дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок - аз 12 то 25 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ҷазои аз 7 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таъин шудааст. Дар моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) аз 2 то 10 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста