Дар сомонаи расмии Пулиси байнулмилалӣ (Интерпол) дар бораи ҷустуҷӯи пешвои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ маълумот интишор шуд.
Дар маълумот қайд мешавад, ки Муҳиддин Кабирии 51-сола аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон барои даст доштан дар ҷиноятҳои “терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва қаллобӣ” мавриди пайгард эълон шудааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи июли соли равон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор намуда буд, ки Тоҷикистон ҷиҳати ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ бо Пулиси байнулмилалӣ гуфтушунид дорад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябри соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба даст доштан дар исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) айбдор карданд. ҲНИТ созмони террористӣ эълон шуда, аъзои мақомоти раҳбарии он ҳабс ва маҳкум шуданд.



