Гумонбар ба амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург Акбарҷон Ҷалилов як моҳ пеш ба хешовандонаш дар бораи ниятҳои сохтани хона, комилан ба Қирғизистон баргаштан ва издивоҷ кардан ҳарф задааст.

Аҳрор Ҷалилови 17-сола, додари Акбарҷони 22-сола дар суҳбат бо хабарнигори РБК гуфтааст, бародараш аз соли 2011 дар Русия кор карда, бори охир моҳи феврали соли 2017 ба Ош омадааст.

«Ӯ 10-15 рӯз назди мо ҳузур дошт, мехост, ки истироҳат карда, сипас ба кор баргардад, - иброз доштааст Аҳрор. - Вақте назди мо буд, ба ҷое ҳам намебаромад ва дар компютер бо бозиҳои гуногун машғул шуда, ба мошинҳо таваҷҷуҳ дошт».

Дар оилаи Ҷалиловҳо гуфтаанд, манзили ҳозираи Акбар дар микрорайони Ан Адир воқеъ буда, ба хона пешинаашон дар маҳаллаи Тӯрон, ки хешовандонашон зиндагӣ мекардаанд, ӯ нарафтааст ва аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки ин сафари ӯ хайрухуш бо наздикону хешовандон пеш аз марг аст.

«Акбар намоз намехонд, ба намози ҷумъа намерафт. Моҳи феврал аз замони омаданаш ягон маротиба ба масҷид нарафт, ман мушоҳида накардаам, ки дар рафтори ӯ чизе тағйир ёфта бошад», - ба хотир овардааст додараш. - Дар хона ҳам ҳеҷ адабиёти шубҳаноке надидаам ва дар компетри Акбар ҳам чизе ёфт нашуд».

Холаҳои ӯ Сурайё ва Эркиной, роҳбари синфи мактабиаш Фотима Қодирҷонова низ гуфтаанд, ки Акбарҷон ҳеҷ гоҳ ба дин майл надошт ва бачаи орому ботамкин буда, давомоти таҳсилаш миёна буд.

Гуфта мешавад, оилаи Ҷалиловҳо бовар надоранд, ки маргталабиро ихтиёр намудан тасмими худи Акбар аст. Онҳо бар ин назаранд, ки ӯро фиреб дода, маҷбур кардаанд, ки сумкаро ба дасташ гирад ва сипас ба тарзи фосилавӣ (аз ҷойи дигар бо пахши тугма ё занги телефонӣ) бомбаро тарконидаанд.