Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани боздоштшуда ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд.

Сухангӯи сафоарт Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки Содиқ Ортиқови 39-сола дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шуда, 15 соли охир дар Русия ба ҳайси ошпаз кор мекардааст.

«Маълумоти дигаре дар бораи ӯ мо дар даст надорем, - гуфт ӯ. - Даст доштан дар амали террористӣ ё бегуноҳии ӯ дар ҷараёни тафтишот маълум шуда, айни замон мо ӯро гунаҳкор гуфта наметавонем».

Гуфта мешавад, дар манзили Ортиқов дар шаҳри Маскав муфаттишон таппончаи Макаров ва ду маводи тарканда дарёфт карда, зимни мурофиаи судӣ оид ба ҳабсаш Ортиқов изҳор намудааст, ки аслиҳа ва мавод ба ӯ тааллуқ надошта, ӯ дар ин ҷиноят даст надорад.

Муфаттиш аз суд дархост намудааст, ки Ортиқов ба муҳлати 1 моҳу 27 рӯз ба ҳабс гирифта шавад. Ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор дорад.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар - Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористии рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 нафар ҳалок ва беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.