Мақомоти тоҷик ба хоки Тоҷикистон афтодани гулӯла ва чанд тир аз ҷониби Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин ҳодиса зоҳиран субҳи рӯзи 16-уми июн аз самти Афғонистон ба Тоҷикистон дар авҷи ҷангҳои миёни гурӯҳҳои шӯришӣ ва нирӯҳои ҳукуматӣ барои таҳти назорат даровардани манотиқе дар шимоли ин кишвар рух додааст.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар пайи ин даргириҳо деҳоти Зардкамар, Гуртеппа, Ҳалқаноқ, Қуруқ дар вилояти Тахор ба дасти Толибон афтодааст. Ин деҳаҳо дар марзи Тоҷикистон қарор доранд.
Гулӯлае, ки аз самти Афғонистон партоб шудааст, дар пахтазори наздик ба деҳаи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”, собиқ Пушқоқи ноҳияи Фархор афтодааст. Ин деҳа дар 3-километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст.
Масъулини Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон мегӯянд, шилики гулӯла ба хоки Тоҷикистонро бо ҷониби Афғонистон дар миён гузоштаанд. Мақомоти афғон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ин гулӯларо Толибон шиллик кардаанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъро таҳқиқ доранд.
Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва Панҷ низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоҳиди афтодани тирҳо аз он тарафи марз шудаанд, вале он тирҳо хурд буда, ҳеҷ ҷоеро тахриб накардаанд. Аммо гулӯлае, ки дар ноҳияи Фархор афтодааст, бузургтар буда, масоҳати 3 метри мураббаъ аз пахтазорро хароб кардааст.