Сокинони минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон якҷо барои тоза кардани қаламрави гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ҳашар баргузор карданд. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати Исфара ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ беш аз 400 нафар иштирок кардаанд.

Дар доираи ҳашар сокинони наздимарзии ду кишвар ба поккории роҳҳо ва ҷӯйборҳои минтақаи гузаргоҳи байни "Гулистон"-и Исфара ва "Қизил-Бел"-и Ботканд аз партов ва лой машғул шуданд.
Зубайдулло афзуд, ки техникаҳо аллакай кори ҳамворкунии роҳро оғоз кардаанд ва дар рӯзҳои наздик асфалтпӯшкунӣ шурӯъ мешавад.
Зикр шуд, ки пас аз анҷоми поксозӣ сокинони ҳарду ноҳия якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ ва "оши дӯстӣ" тановул кардаанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабри соли гузашта намояндагони расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар доданд, ки муайянкунии сарҳади давлатӣ байни кишварҳо ба анҷом расида, гурӯҳҳои корӣ раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии таъйини марзро оғоз кардаанд.
Ин рӯйдодро сокинони минтақаҳои назди марзии ҳарду кишвар зиёда аз 20 сол интизор буданд. Гуфтушунидҳо оид ба муқаррар кардани хатти сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз соли 2003 оғоз гардида, лекин то соли 2022 бо танаффусҳои тӯлонӣ ва ғайримунтазам ҷараён доштанд. Аз 972 километр масофаи умумии сарҳад он замон ҳамагӣ каме бештар аз 50%-и он муайян шуда буд.

Бо сабаби мавҷудияти қитъаҳои зиёди баҳсӣ дар сарҳади байни ду кишвар низоъҳои зиёде вобаста ба истифодаи об, замин, роҳ ва чарогоҳҳо ба миён меомаданд, ки баъзан низомиён низ дар онҳо ширкат мекарданд. Соли 2021 ду задухӯрди калони мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи онҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд. Баъди ин ҳодисаҳо аз моҳи майи соли 2021 сарҳад бо қарори Қирғизистон баста шуд.
Ҳодисаи ахир ба раванди музокирот суръат бахшид. Аз тирамоҳи соли 2022 байни ду кишвар оид ба масъалаи таъйину аломатгузории сарҳад якчанд гуфтушунид доир гардид. Ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ бонавбат дар Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешуданд, аммо ҷузъиёти ин мулоқотҳо эълон намешуданд.

Аввали моҳи августи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнюек Кулубоев хабар дода буд, ки дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки дар муддати 2-3 моҳи оянда ҳаллу фасл мешаванд. Моҳи октябр раиси КДАМ Қирғизистон зикр карда буд, ки ҷараёни таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист. То ин дам ҳудуди 59-60 километри сарҳад номуайян боқӣ монда буд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2025
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста