Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки дар сохтори Кумита Раёсати махсус “Усой” таъсис дода шудааст, ки доимо вазъи кӯли Сарезро назорат мекунад.

“Дар худи кӯли Сарез, дар Бартанг, ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз ва Ҳамадонӣ ва шаҳри Душанбе низомҳои моҳворагии пайгирӣ аз кӯл гузошта шудааст, ки дар сурати ба вуҷуд омадани хавфу хатар аҳолиро огоҳ мекунанд, - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси Кумита, ҳамсокишварҳои Тоҷикистон низ аз чунин низомҳои назорати моҳвораӣ истифода карда, ба наздикӣ чунин низом дар ноҳияи Шаҳритӯс низ насб хоҳад шуд.

Таъкид шуд, ки ҳар се моҳ Кумита дар Бартанг ва Рӯшон машқҳо мегузаронад, ки дар онҳо масъалаҳои кӯчонидани аҳолӣ дар сурати ба вуҷуд омадан хавф - кандашавии сарбанди кӯл омӯхта мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз танҳо дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон ҳукумат 16 анбори нигаҳдории маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал сохтааст.