Чанде аз сокинон дар шабакаи иҷтимоии фейсбук шикоят карданд, ки дар Тоҷикистон хатмкунандагони макотибро барои ҳуҷҷатсупорӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) маҷбур мекунанд. Модари яке аз хатмкунандагон ба “Asia-Plus” тасдиқ кард, ки дар мактаб аз фарзандаш расиди пардохти маблағ барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ дар ММТ талаб кардаанд, ҳарчанд ӯ хоҳиши иштирокро надоштааст. Ниҳодҳои расмӣ ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, то имрӯз ягон шикоят ба онҳо ворид нашудааст.

 

“То расиди ММТ‑ро наёред, шаҳодатномаи хатмро намедиҳем”

Як модари тоҷик, ки тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба “Азия-Плюс” муроҷиат намуд, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки фарзанди ӯро барои ҳуҷҷатсупорӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳоноти дохилшавии ММТ маҷбур кардаанд.

Фарзанди ӯ дар яке аз мактабҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳсил мекунад. Ӯ аз гуфтани номи фарзандаш ва муассисае, ки ӯ дар онҷо таҳсил мекунад, худдорӣ намуд, аммо зикр кард, ки “фарзанди ӯ ва хатмкунандагони дигарро роҳбари синф барои азқайдгузарӣ  маҷбур намудааст”.

“Фарзандам ният дорад дар хориҷа таҳсил намояд. Муаллимаашон гуфтааст, “хориҷа хонданӣ рафтан хоҳӣ бирав, аммо расид биёр, ки ҳуҷҷатҳоятро барои давталаб шудан супоридаӣ. Гуфтаанд, ки то расидро наёрӣ аттестати хатмро намедиҳем”, ‑ мегӯяд ӯ.

Ин модар мегӯяд, дар ин хусус ба директори мактаб муроҷиат намуда, ҷавобе нагирифтааст.

“Ҳаминро дарк кардам, ки дохил шудан шарт нест, асос маблағи бақайдгириро супоридан аст. Дар инҷо роҳбари синф ва муаллимон низ гуноҳе надоранд, ба онҳо  супориш додаанд”, ‑ гуфт ӯ.

Зикр кардан зарур аст, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) хатмкунанда бояд дар бонки давлатии “Амонатбонк” 330 сомонӣ пардохт кунад ва расидро якҷо бо бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ММТ пешниҳод кунад.

 

“Касе шикоят накардааст”

Ҷамолиддин Қурбонов, муовини шӯъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳолати маҷбуркунии хонандагон барои ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ-ро рад намуд.

“Мо то имрӯз аз ҷониби падару модарон ва худи хатмкунандагон аризаи шикоятии шифоҳӣ ё хаттӣ дар мавриди он, ки фарзанди онҳоро барои ҳуҷҷатсупорӣ маҷбур кардаанд, дарёфт накардаем”, - гуфт Ҷамолиддин Қурбонов.

Аммо ӯ зикр кард, ки аз ҷониби онҳо ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷаласаҳо ба хотири чалб намудани хатмкунандагон ба идомаи таҳсил сурат мегирад.

 

ММТ: Иштирок дар ИМД ихтиёрист

Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ мегӯяд, ки иштирок дар ИМД ихтиёрист ва ин нукта дар “Роҳнамои довталаб” низ зикр шудааст.

Ӯ афзуд, ки “кори асосии мо фаҳмонидани тартибу қоидаҳо, аз ҷумла ихтиёрӣ будани иштироки довталабон дар ИМД аст. Ин нуктаро тавассути расонаҳо низ зикр мекунем”.

“Зимни вохӯриҳое, ки дар макотиби кишвар мегузаронем, ба толибилмон мефаҳмонем, ки агар шароит дошта бошанд, таҳсилро идома диҳанд, то дар оянда дар ягон муассиса ҷойи кор ёбанд ва зиндагии худро пеш баранд”, ‑ гуфт Абдулбосит Шодиниё.

Вай зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илм ва шуъбаҳои он тобеи ММТ намебошад ва ниҳоди онҳо ба ин идораҳо супорише барои ҷалби иҷборӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ надодааст.

“То имрӯз ба ММТ дар мавриди маҷбуркунии хатмкунандагон ба ИМД шикояти хаттӣ ворид нашудааст”, - гуфт Шодиниё.

 

Абдулбосит Шодиниё
Акс аз АМИТ "Ховар"

“Шикоят кунанд, маблағ баргардонида мешавад”

Абдулбосит Шодиниё таъкид кард, ки агар касеро барои иштирок дар ИМД маҷбур карда бошанд, падару модар ё худи хатмкунанда метавонад ба ММТ аризаи шикоятӣ нависад.

“Ҳар хонандае, ки бидуни хоҳиши худ номнавис шудааст, метавонад ариза пешниҳод намояд. Иштироки ӯ ғайрифаъол гашта, маблағаш баргардонида мешавад. Ва барои пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад”, - гуфт ӯ.

 

Киҳо метавонанд маблағи бақайдгириро бозпас гиранд?

Аз ММТ гуфтанд, ки ҳамасола ҳудуди 90 ҳазор довталабро аз қайд мегузаронад ва теъдоде барои баргардонидани маблағи пардохтаашон ариза месупоранд. Барои баррасии ин аризаҳо ММТ равандеро бо номи аризаҳои довталабон ё шахсони дигар дар бораи баргардонидани маблағи муайяншуда роҳандозӣ кардааст. Дар ин ҳолатҳо маблағ баргардонида мешавад:

‑шахсоне, ки бидуни хоҳиши худ аз қайд гузаштаанд;

‑шахсоне, ки аз расиди ММТ истифода накардаанд, маблағро пардохт намудаанд, аммо аз қайд нагузаштаанд;

‑шахсоне, ки аз иштирок дар ИМД даст кашидаанд ва дигар ҳолатҳое, ки дар роҳнамои довталаб қайд гардидааст;

Ба иттилои Шодиниё довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ номнавис шудаанд ва аз иштирок дар ИМД даст кашидан мехоҳанд, ҳақ доранд, то рӯзи 15‑уми май ба ММТ бо ариза муроҷиат намоянд. Аризаи онҳо санҷида шуда, хароҷоти раванди бақайдгирӣ, ки 30 сомониро ташкил менамояд, нигоҳ дошта мешавад ва боқимондаи маблағ баргардонида мешавад.

“Дар соли 2023 726 нафар бо ҳолатҳои гуногуни дар дастурамал овардашуда ба ММТ ариза пешниҳод намуда, маблағи худро бозпас гирифтанд”, ‑ гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон пас аз хатми мактаби миёна танҳо тавассути ММТ метавон интиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳро супорид ва унвони донишҷӯро соҳиб шуд. Аммо солҳои охир мушоҳида мешавад, ки теъдоди довталабон коҳиш меёбанд.

Коршиносон омили коҳиши довталабонро ба қабули қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ рабт медиҳанд, ки ҳамакнун даъвати магистрантҳоро низ ба хидмати ҳарбӣ имконпазир кард. Таъкид мешавад, ки коҳиши теъдоди довталабон боиси маҷбур кардани хатмкунандагон барои иштирок дар ИМД шудааст. Аммо масъулин сабаби кам шудани довталабонро ба коҳиш ёфтани теъдоди хатмкунандагон рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.