Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати чанд “блогери беқайди тоҷик”-ро нашр кардааст, ки бо вуҷуди таъкидҳои пайвастаи ин ниҳод ва ирсоли огоҳинома фаъолияти худро дар мақомоти андоз ба қайд нагирифтаанд ва ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд.
“Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумити андоз навишааст, дар мақомот феҳристи махсуси блогерон таъсис ёфтааст, ки дар он то 1-уми майи соли равон 98 нафар худро ҳамчун “андозсупорандае, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғуланд”, ба қайд гирифтаанд.
Даромади умумии блогерон дар семоҳаи аввали соли 2024, дар маҷмуъ, 5,2 миллион сомонӣ ва маблағи андози ҳисобшудаи онҳо дар ин давра 489,8 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Вале Кумитаи андоз нигаронӣ мекунад, ки бо вуҷуди ирсоли огоҳиномаҳо, даъвати блогерон ба мақомоти андоз ва чораҳои дигари андешидашуда, баъзеи онҳо “то ҳол ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, аз даромадҳои ба дастовардаашон ба мақомоти андози маҳалли қайди худ эъломия ва ҳисоботи андозро пешниҳод накардаанд”.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин ниҳод, блогерон ”аз ҳисоби зиёд намудани шумораи обуначиён, қабули роликҳои таблиғотӣ, иштирок дар саҳнаҳои лаҳзавии видеороликҳо, ташкилу баргузор кардани бозиҳои интерактивӣ (гив), дигар саҳнаҳои ҳаҷвӣ даромад ба даст меоранд”.
Кумитаи андоз гуфтааст, ҳадафи нашри ному насаби онҳо дар рӯзнома ин аст, ки “чунин нафарон бо дидани номи худ дар рӯзнома масъулият эҳсос кунанд ва барои расмӣ кардани фаъолияти соҳибкориашон ба мақомоти андоз муроҷиат намоянд”.
Дар рӯйхати нашркардаи Кумитаи андоз номи 16 блогер, аз ҷумла Меҳрафрӯз Неъмонзода, Азиза Мухторова, Синоҷон Соҳибов, Фариддун Сафаров ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводори зиёд доранд.
Дар ҳамин ҳол, “Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки назари чанде аз блогероне, ки Кумитаи андоз онҳоро ба бидуни қайд фаъолият кардан гунаҳкор мекунад, гирад, вале онҳо ба зангҳои пайдарпай ва номаҳои мо дар шабкаҳои иҷтимоӣ посух надоданд.
Мо омодаем назари блогероне, ки номашон дар рӯйхат зикр шудааст, нашр кунем.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи андоз сари ҳар вақт рӯйхати бархе аз блогерон ва сарояндагонро интишор карда, аз онҳо чун “андозгурез” ном мебарад ва даъват мекунад, ки дар ин ниҳод фаъолияти худро ба қайд гиранд ва андози давлатро пардохт намоянд.
Ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо дар шаҳри Душанбе. Кӣ ин корро мекунад ва чаро мақомот пеши роҳи онро намегиранд?
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста