Ҷаҳонгир Адалет уғли Халилов, молики ширкати мусофирбари ҶДММ “Такси”, ки автобусаш рӯзи 10 май ба дарёи Мойка сарозер шуд, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Октбярскии Санкт-Петербург то 10 июл ба ҳабс гирифта шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти салоҳияти умумии шаҳр хабар медиҳад, ӯ ба хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест (модаи 238, қ.3 КҶ Русия) айбдор карда мешавад.
Тибқи фарзияи муфаттишон, Халилов уҳдадор буд, ки “риояи интизоми меҳнат ва нақлиёт”, аз ҷумла реҷаи кору истироҳати ронандагонро назорат кунад.
Автобуси мусофирбар аз пули Потселуева ба дарёи Мойка сарозер шуд. Дар он 20 нафар мусофирон қарор дошта, 7 нафарашон ҳалок шуданд. Ду тан аз онҳо дар ҳолати вазнин дар беморхонаҳо бистариянд. Қаблан зикр гардида буд, ки ронандаи автобус Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола дар муддати якчанд рӯз бо вақти зарурии истироҳат таъмин нашудааст.
Зимни ҷаласаи додгоҳ Қурбонов ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор намуд, ки ӯ автобусеро, ки дастгоҳи боздошташ (тормозаш) вайрон буд, идора мекард. Ӯ ба наздикону пайвандони ҳалдокшудагон ҳамдардӣ изҳор намуд.
Ёдрас мекунем, ки ронандаи автобус - зодаи 44-солаи Тоҷикистон, шаҳрванди Русия Раҳматшоҳ Қурбоновро низ ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.
Қурбонов ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба марги ҳадди ақалл ду нафар бис гардиданд (моддаи 264, қ.5 КФ Русия) айбдор шуд. Баъдтар Кумитаи тафтишот дар бораи ба қайди қалбакӣ гузоштани хориҷиён (моддаи 322.3 КҶ Русия) боз як парвандаи ҷиноятии дигар боз намуд.
“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автобус давоми моҳҳои феврал-марти соли 2024 ба ивази пул на камтар аз 10 шаҳрванди хориҷиро дар хонаи ба худаш тааллуқдошта ба қайди қалбакӣ гузоштааст”, - зикр кардаанд дар Кумитаи тафтишот.
Дар моддаи 322.3 Кодекси ҷиноятии Русия ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ шудааст.
Ба навиштаи “Фонтанка”, дар ҳамин ҳол, волӣ (губернатор)-и Санкт-Петербург 15 нафареро, ки баҳри наҷоти одамон аз автобус дар дарёи Мойка талош варзиданд, бо мукофот қадрдонӣ кард.
Ба капитанҳои катерҳо ва ронандагони автомашинаҳое, ки дар ҷойи ҳодиса ҳозир буданд, нишони “За доблесть в спасении” (Барои ҷасорат дар наҷот) ва соатҳои мукофотӣ тақдим карда шуданд.