Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон қисман ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд.

Ин тадбир ба таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ санаи 9 сентябр вобаста аст, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

«Аз 1 сентябр кормандони сохторҳои қудратӣ ба вазъи ба истилоҳ будубош дар ҷойи корӣ ва омодагӣ мегузаранд», - хабар дод манбаъ.

Дар сарҳадҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои пурзӯри амниятӣ андешида шуда, ба посбонӣ ва таъмини тартибот аъзои воҳидҳои махсус ба кормандони милитсия ҳамроҳ мешаванд.

Ғайр аз ин, баъди ҷашни Рӯзи истиқлолият воҳидҳои ҷудогонаи сохторҳои қудратии кишвар ба ВМКБ барои таъмини амнияту тартибот зимни сафари Сарвари давлат ба ин минтақа сафарбар мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улугхоҷаев хабар дод, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон амну устувор аст.

Номбурда овозаҳои ҷойдошта дар ҷомеаро дар бораи гӯё ба хоки Тоҷикистон ворид шудани гурӯҳи ҷангиёни ҳаракат «Толибон» рад намуд.

«Вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон пурра зери назорат буда, шабонарӯзи гузашта дар марз ягон ҳодисаи ғайримуқаррарӣ ба қайд гирифта нашудааст», - зикр кард подполковник.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.