Як чӯпон аз шаҳри Ваҳдат ба ҷарии 15-метра афтода, мустақилона аз он баромада натавонист. Дасти ӯ дар вақти афтодан шикаста буд.

Тавре котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзи 20-уми октябр аз деҳаи Молики ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ба шуъбаи навбатдорӣ хабар расидааст, ки як чӯпон ба ҷарӣ афтода, ниёзманди кумак аст.

“Наҷотбахшон саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз лавозимоти кӯҳнавардӣ сокини 41-солаи маҳаллиро аз ҷуқурии беш аз 15 метр боло бароварданд. Сипас ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонида, ба пизишкони ёрии таъҷилӣ супурданд”, - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Юсуфӣ, айни замон чӯпони осебдида дар бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш қаноатбахш аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.