Дар робита ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” тамоми ҳайати шахсии сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки субҳи 6-уми ноябр бо бонги хатар ба адои хизмат даъват гардиданд, охири рӯз ба реҷаи муқаррарии фаъолият гузаронида шуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, бо вуҷуди рӯзи иду истироҳат, тамоми ҳайати шахсии сохторҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр бо бонги хатар ба кор баромаданд.
Дар ҳамаи роҳҳо аз вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ба самти Душанбе постгоҳҳои назоратии кормандони мусаллаҳи сохторҳои қудратӣ гузошта шуданд. Дар постгоҳҳо мошинҳои равонаи пойтахт ба таври дақиқ тафтиш мешуданд.
Аммо қарибиҳои бегоҳи рӯзи 6-уми ноябр постгоҳҳои назоратӣ ва посбонони мусаллаҳ аз кӯчаҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон баргирифта шуданд. Ба афсарони бо бонги хатар ҳозиршуда иҷоза доданд, ки ба хонаҳояшон раванд.
Ба иттилои манбаъ, аз субҳи 7-уми ноябр ҳамаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.