Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни вохӯрии онлайн бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар бораи вазъият дар сарҳад бо Афғонистон маълумот дод.

“Мо бояд воқеан эътироф кунем, ки вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон хеле печида аст. Пас аз Покистон Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонитар дорад - 1425 километр”, - гуфт Ятимов.

Раиси КДАМ Тоҷикистон изҳор намуд, ки “мо талошҳои зиёди афродеро эҳсос мекунем, ки мехоҳанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон раванд”.

«Шумораи гурезаҳо аллакай аз 15 ҳазор гузашта, ҳамарӯза 500-600 нафар мехоҳанд аз сарҳад гузаранд. Тақвияти талошҳои қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ эҳсос мешавад”, - афзуд Ятимов.

Раиси КДАМ зикр кард, ки “аз ин рӯ, Тоҷикистон воқеан бояд чунин мавқеъро ишғол кунад: 24 соат омодагӣ ва шабу рӯз кор кардан”.

Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кунунӣ дар Афғонистон натанҳо ба амнияти Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки тамоми паҳнои пасошӯравӣ, бахусус минтақаҳои мусалмонишин хатари воқеӣ дорад.

“"Бо истифода аз дини ислом ҳамчун асос, барои ноором кардани вазъ дар минтақаи мо талошҳои мушаххас эҳсос мешавад", - таъкид дошт Ятимов.

Раиси КДАМ зикр кард, ки дар вохӯрии роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти иктишофии ИДМ  ин ҷузъиёт муфассал баррасӣ шуда, тадбирҳои мушаххас ба нақша гирифта шуданд.

“Мо зикр кардем, ки ҳамкорӣ байни хадамоти махсуси Тоҷикистону Русия, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Лекин вазъи кунунӣ ҳамоҳангсозии ҳамаи неруҳо, таъмини эътимоднокии бештари ҳифзи сарҳади давлатӣ ва тақвияти кори фавриро дар тамоми самтҳо баҳри таъмини эътимоднокии ҳифзи сарҳад тақозо мекунад”, - иброз доштааст Саймумин Ятимов.

Ӯ итминон додааст, ки "дар ҳамдастӣ метавонем ҳамаи масъалаҳо рӯзмарраро ҳаллу фасл ва баъзе таҳдидҳоро бартараф кунем".

"Мо бошуурона изҳор медорем, ки худи мафҳуми терроризм байналмилалӣ буда, барои муқовимат маҳз бо ин таҳдидҳо ҳозир ба мо шароити муштараки байналмилалӣ ва муассир фароҳам овардан лозим аст", - илова намудааст раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 13 октябр дар шакли видеоконфронс бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мулоқот кард. Дар он директори Хадамоти иктишоф (разведка)-и хориҷии Русия Сергей Наришкин ва роҳбарони ҳайатҳо аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. То вохӯрӣ бо Путин ҷаласаи XVII Машварати роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ доир гардид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.