Маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ба ҳоли худ гузошта шудааст.
Ҳатто ЮНЕСКО (Созмони СММ оид ба умури маориф, илм ва фарҳанг), ки соли 2010 Саразм ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии он дохил карда шуда, якумин чунин иншоот дар Тоҷикистон аст, низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз зимни суханронӣ назди ваиклони палатаи поёнии парлумон дар ин робита изҳор намуд, ки амалисозии барномаи давлатии ҳанӯз соли 2012 аз ҷониби ҳукумат қабулшуда оид ба таъмиру азнавсозии шаҳраки Саразм имрӯз пурра боздошта шуда, барои ин дар буҷет маблағ нест.
Бино ба маълумоти ӯ, то соли 2020 барои амалисозии ин барнома ҷудо кардани 64 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ пешбинӣ гардида, то соли гузашта аз буҷет ҳамагӣ ба миқдори 17% аз ин маблағ ҷудо шудааст. «Умедвории мо аз ЮНЕСКО низ дар ин самт алҳол бенатиҷа анҷом ёфт», - иброз дошт ӯ.
Ба саволи вакилон доир ба масъалаи манзилҳое, ки аҳолии маҳаллӣ дар қаламрави иншоот сохтааст, вазир қайд кард, ки онҳо мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон бидуни ҳеҷ гуна ҷубронпулӣ кӯчонида мешаванд.
Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ин ёдгорӣ дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи бостоншиносон, сар аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.