Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ жруналистзани тоҷик Миҷгона Ҳалимоваро мутобиқи моддаи 347-и КҶ ҶТ (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гунаҳкор эътироф намуда, ҷаримабандӣ кард.
Хабарнигори агентии иттилоотии «Озодагон» бояд дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад. Як манбаъи огаҳ аз мурофиаи судӣ ба «Азия-Плюс» гуфт, Миҷгона Ҳалимова аз болои ин қарори суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят намебарад.
Ба хотири амнияти худи рӯзноманигор доир ба ҷузъиёти баррасии парвандаи мазкур маълумот дода намешавад.
Миҷгона Ҳалимова то соли 2015 ба ҳайси хабарнигори нашрияи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон - газетаи «Наҷот» ва сомонаи ҳизб - nahzat.tj фаъолият дошт. Пас аз қатъи фаъолияти нашрияи ҳизб Миҷгона дар хабаргузории мустақили «Озодагон» ба кор шурӯъ намуд. Ӯ ҳиҷобпӯш буд, ҳарчанд борҳо ба ӯ тавсия дода буданд, ки аз пӯшидани он даст кашад.
Замони тафтишот ва мурофиаи судӣ Миҷгона Ҳалимова барои кумаки ҳуқуқӣ ба созмонҳои ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқ муроҷиат кард, вале касе дастгириаш накард. Барои пардохти маблағи кори адвокати хусусӣ ба ӯ раиси Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ва коршиноси масоили матбуот Абдумалик Қодиров кумак карданд.
Айни замон журналистони тоҷик мустақилона кӯшиш доранд, ки ба ҳамтои худ барои пардохти ҷарима маблағи заруриро ҷамъоварӣ кунанд.