Аз Русия ба Тоҷикистон 52 ҳазор адад китобҳои дарсӣ бо забони русӣ оварда шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии Россотрудничество дар Душанбе хабар доданд, китобҳои дарсӣ аз алифбову дастурҳо барои расмкашӣ ва дигар навъи фанҳои хониш иборатанд.
Бунёди «Русский мир» - 20 ҳазор адад китоби омӯзиши забони русӣ ва ташкилоти «Русская гуманитарная миссия» - 32 ҳазор китобҳои дарсӣ аз фанҳои гуногун ҷудо кардааст.
Баъдан намояндагони Маркази илму фарҳанги Русия ин китобҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахти кишвар ва мактабҳои вилоятҳои Суғду Хатлон тақсим мекунанд.
Бино ба маълумоти Россотрудничество, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таҳсили забони русӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 17 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд.
Қобили зикр аст, ки 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун - вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон буда, музди меҳнати моҳонаи онҳо 74 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.