Бо мақсади иҷрои қарори президенти Ӯзбекистон аз 14 март сарҳадбонони кишвари ҳамсоя шурӯъ аз имрӯз ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсоя бераводид ба муҳлати то 30 рӯз иҷоза доданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, барои убури марзи кишвари ҳамсоя сар аз имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шиносномаи хориҷӣ (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ) бо худ дошта бошанд.

«Дар ҳамин ҳол, шароити ҳузури онҳо дар қаламрави Ӯзбекистон бетағйир боқӣ монда, чун пешина тоҷикистониёне, ки ба Ӯзбекистон меоянд, уҳдадоранд, ки дар муддати 3 рӯз  дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ худро ба қайд гузоранд», - гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ӯ, агар шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хешу табор дошта бошад, ӯ метавонад бо суроға (адрес)-и онҳо худро ба қайд монда, дар ҳаҷми 5 доллар боҷ супорад.

«Агар шаҳрванди Тоҷикистон ба сифати сайёҳ (турист) ба Ӯзбекистон равад, ӯро бо суроғаи ҷойи зист дар меҳмонхона сабтином мекунанд ва дар ин ҳолат низ ӯ боҷи зикршударо пардохт мекунад», - қайд кард сарчашмаи хабар.

Ғайр аз ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши сафар ба Ӯзбекистон бо автомашинаи шахсиашонро доранд, низ боҷи муқарраршуда тибқи қонунгузории кишвари ҳамсояро пардохт мекунанд.

«Маблағи боҷ дар ин ҳолат ба ҳаҷми кори муҳаррик (двигател)-и автомашина вобаста аст. Масалан, боҷи автомашинаи тамғаи «Тойотоа Корола» 45 долларро ташкил медиҳад», - хабар дод манбаъ.

Зимнан таъкид шуд, ки айни замон машварати ҷонибҳо ҷиҳати зиёд кардани муҳлати ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар қаламрави ҳамдигар бидуни қайди расмӣ идома дорад.

«Ҷонибҳо дар бораи комилан бекор кардани ситонидани боҷ барои вуруди воситаҳои нақлиёт ба қаламрави ҳамдигар низ гуфтушунид доранд», - илова кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 март бобати тасдиқи Созишнома дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.

Созишномаи мазкур то замони тасдиқи расмии он аз 16 марти соли 2018 нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Ӯзбекистон равуо мекунанд, тариқи транзит онро убур мекунанд ва муваққатан дар қаламрави ин кишвар ҳузур доранд, мавриди амал қарор мегирад.

Қарори муваққатан мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон то тасдиқи расмии он, барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба аҳолии кишварҳо дар остонаи ҷашни Наврӯз қабул шуд.

Дар ҳамин ҳол, парлумони Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ният дорад, ки Созишнома дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.