Барои ҳар як муштарӣ алоқаи доимии мобилӣ хеле муҳим буда, дар сурати гум шудани он ӯ ба ҳолати ногувор меафтад. Сабабҳо барои ин нороҳатӣ кофианд. Дар бораи сабабҳои бе алоқаи мобилӣ мондан дар Тоҷикистон ва чӣ кор кардан дар ин ҳолатҳо маълумот манзуратон мегардонем.

Мушкилот дар пойгоҳи заминавӣ

Яке аз сабабҳои бе алоқа мондани муштарӣ пайдо шудани мушкилот дар пойгоҳи заминавӣ аст, ки ин ё он қаламравро фаро мегирад. Масалан, аз кор баромадани таҷҳизот, таъмир дар зеристгоҳҳо ё қатъи интиқоли барқ. Дар ин ҳолатҳо ширкати мобилӣ маъмулан барои ҳарчи зудтар ба кор даровардани пойгоҳи заминавӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Акс аз Мегафон Тоҷикистон

Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо сокинон бинобар сабаби беасоси хеле зиёд дӯстдории радио талаб мекунанд, ки пойгоҳҳои заминавӣ аз байн бардошта шавад. Агар намояндагони ширкатҳои мобилӣ бо онҳо ба созиш наоянд, лозим меояд, ки пойгоҳи заминавӣ аз байн бардошта шуда, аҳолии маҳаллӣ бе алоқа мемонанд.

Офатҳои табиӣ

Сабаби дуюми мавҷуд набудани алоқаи мобилӣ рух додани офатҳои табиӣ шуда метавонанд, ки ба таҷҳизоти пойгоҳ зарар мерасонанд. Чунин офатҳое ба мисли гармои хеле шадид, сӯхтор, раъду барқ, обхезӣ, заминларза, фаромадани тарма ва ғайра ба аз кор баромадани таҷҳизот дар пойгоҳҳои заминавӣ боис шуда метавонанд.

Тавре коршиносони соҳа қайд мекунанд, бар асари офатҳои табиӣ имкони канда шудани хатҳои пойгоҳҳои заминавӣ ва ҳатто афтодани манораҳо имкон дорад.

Мувофиқи регламент, агар дар натиҷаи офати табиӣ манораи пойгоҳ пурра ба замин афтад, барои дубора барқарор кардани он 10-15 рӯз вақт лозим мешавад. Агар сим дар хатҳо канда шуда бошад, дар ду-се рӯз барқарор мешавад.

Масалан, давоми солҳои 2015-2016, пас аз як қатор ҳодисаҳои заминҷунбӣ дар ВМКБ, ки дар қаламрави офатҳои табиӣ рухдода алоқа гум шуда буд, ширкатҳои мобилӣ бо чунин мушкилот дар Тоҷикистон дучор шуданд.

Сарбории барзиёди шабака

Ҳар кадоме аз пойгоҳҳои заминавӣ барои шумори муайяни муштариён пешбинӣ шудааст, ки дар як вақт метавонанд имконпазир тариқи телефон гуфтугӯ кунанд. Дар Тоҷикистон як пойгоҳи заминавӣ дар як вақт ба ҳисоби миёна метавонад ба 100 нафар муштариён хизматгузорӣ намояд. Лекин ширкатҳо ба тақвияти иқтидори пойгоҳҳои заминавӣ ҳангоми сарбории барзиёди шабака (перегрузка) имкон надоранд.

Авҷи сарбории барзиёд ба шабака маъмулан ҳангоми ҷашну идҳо ва ҳодисаҳои офатҳои табиӣ сурат мегирад. Ҳама ба ҳамдигар занг задан мехоҳанд, вале пойгоҳҳои заминавӣ барои чунин сарбории аз меъёр зиёд пешбинӣ нашудаанд. Бинобар ин зангҳо нагузашта, паёмакҳо (смс) базудӣ ирсол ё ворид намешаванд.

Минтақаи “ноустувор”-и фарогир

Ҳар як тоҷикистонӣ шояд боре гуфта бошад, ки дар баъзе қисматҳои шаҳр сифати алоқа нисбат ба дигар мавзеъҳо бадтар аст. Ин ба он вобаста аст, ки дар баъзе қитъаҳои шаҳру ноҳияҳо деворҳои хонаҳо сатҳи алоқа (сигнал) байни телефон ва пойгоҳи заминавиро ба таври назаррас паст мекунанд. 

Аз ҷумла, чунин ҳолатҳо дар маҳаллаҳои дорои хонаҳои бисёри баландошёна ба вуҷуд меоянд. Бинои нави манзил гузаштани сигналро то ҳадди гум шудани алоқа байни пойгоҳи заминавӣ ва телефон душвор менамояд.

Харобкорӣ ва ғоратгарӣ

Лекин шояд сабаби аз ҳама бештар паҳншудаи бе алоқаи мобилӣ мондани тоҷикистониён, бахусус дар минтақаҳо харобкорӣ ва ғоратгарӣ бошад. Ҳама чизеро, ки бурданаш имкон дорад, медузданду ба ғайриимконаш беҳуда зарар мерасонанд. Масалан, аввали моҳи март дар шаҳраки Анзоб шахсони номаълум қисмҳои берунии ду кондитсионерҳо (ҳавотанзимкун)-ро дуздиданд, ки ба болоравии ҳарорат дар дохили пойгоҳи заминавӣ ва аз кор баромадани таҷҳизоти гарони телекоммуникатсионӣ оварда расонид.

Ҳамаи ширкатҳои мобилии машғули фаъолият дар Тоҷикистон ба ин монанд  ҳолатҳо дучор мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар пойгоҳҳои заминавии ширкатҳои дигар кишварҳо низ чунин ҳодисаҳо кам нестанд, лекин вазъи муштариёни бе алоқа монда дар Тоҷикистон аз ин беҳтар намешавад.