Чанде аз аъзоёни Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) эълон карданд, ки 11-уми май анҷумани ғайринавбатии ҳизбро баргузор карда, фаъолияти онро баррасӣ ва раиси нав интихоб мекунанд. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси кунунии ҲДТ ва вакили парлумон аз онҳо “як гурӯҳ” ном бурд, ки мехоҳанд анҷумани ғайринавбатӣ баргузор кунанд, аммо ин “ғайриоинномавӣ ва ғайриқонунӣ аст”.
Саидҷаъфар Усмонзода баъди зуҳри имрӯз, 8-уми май, бо нашри як муроҷиатнома дар саҳифаи фейсбукаш гуфт, “гурӯҳи номаълум бо сардории Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор мехоҳанд рӯзи 11 майи соли 2024 Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ-ро баргузор кунанд, ки ин рафтори ғайриоинномавӣ буда, ба Шӯрои сиёсии ҲДТ алоқаманд нест”.
Вай аз аъзоёни ҳизб хост, “дар чунин чорабиниҳои ғайриқонунию ғайриоинномавӣ” ширкат накунанд.
Усмонзода навишт, “рафтори ғайриоинномавии ин нафарон (Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор дар назар аст,-идора) рӯзи 8-уми майи соли 2024 дар Шӯрои сиёсии ғайринавбатии ҲДТ мавриди муҳокима қарор гирифта, онҳо барои рафтори ғайриоинномавӣ ва тафриқа андохтан дар дохили ҳизб аз узвияти Шӯрои сиёсии ҲДТ хориҷ шуданд”.
Саидҷаъфар Усмонзода дар муроҷиатномааш гуфт, дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сиёсии ҲДТ аз 11 аъзои Шӯрои сиёсӣ, 6 нафар шахсан, 2 нафар тариқи селекторӣ иштирок доштанд ва 3 нафари дигар ширкат накарданд.
Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки 4 фаъоли ҳизб, аз ҷумла Бурих Людмила, Алифбекова Гулнора, Сафаров Амонулло ва Шарипов Алишерро ба ҳайати Шӯрои сиёсии ҲДТ ворид карданд.
Аммо худи Алишер Шарипов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар ҷаласаи рӯзи 8-уми май ширкат надошт ва ӯро бе розигиаш узви Шӯрои сиёсии ҳизб пазируфтанд.
“Ман ҳамчун узви ҲДТ аз рафтори Усмонзода нороҳатам, зеро дар ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ дар таърихи 8-уми май иштирок надоштам, вале ӯ маро дар ғайбам ва бе хоҳиши ман узви Шӯро эълон крадааст. Ман аз чунин рафтори Усмонзода норозӣ мебошам”, - гуфт Шарипов.
Вай илова кард, ки узви Шӯрои сиёсӣ будани ӯро танҳо ҷаласи ғайринавбатии рӯзи 11-уми май маълум хоҳад кард.
Шаҳбози Аброр, яке аз аъзоёни Шӯрои сиёсии ҲДТ ва ташкилкунандагони анҷумании ғайринавбатии ин ҳизб дар рӯзи 11-уми май баргузории ҷаласаи ғайринавбатии ҲДТ-ро дар рӯзи 8-уми май “ғайриқонунӣ ва хилофи оинномаи ҳизб” унвон кард.
Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, тибқи оинномаи ҳизб агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои сиёсӣ оид ба баргузории ҷаласаи ғайринавбатӣ овоз диҳанд, шӯро метавонад қарори дахлдор барорад.
“Ба ҳамин хотир 7 аъзои Шӯрои сиёсии ҲДТ, ки аз фаъолияти ҳизб норозӣ буданд, рӯзи 6-уми апрел иқдом гирифтанд, ки бинобар беамалии роҳбарияти ҳизб ва ба таври дахлдор фаъолият накардани он анҷумани ғайринавбатӣ баргузор кунанд. Қарори Шӯрои сиёсии ҳизб рӯзи 3-юми май дар рӯзномаҳои расмӣ нашр гардид ва Вазорати адлия огоҳонида шуд”, - гуфт ӯ.
Шаҳбози Аброр гуфт, раиси ҳизбро дар ҷаласаи рӯзи 6-уми апрел даъват карданд, вале аз сабаби он ки ӯ дар хориҷи кишвар буд, ширкат карда натавонист. Баъдан дар бораи таъини рӯзи баргузории анҷумани ғайринавбатӣ огоҳ кардаанд.
Шаҳбози Аброр мегӯяд, баъди ҷаласаи ҲДТ дар соли 2022, ки раиси ҳизб бори дигар интихоб шуд, ҷаласаи навбатӣ ё ғайринавбатӣ баргузор нашудааст ва “ин хилофи оинномаи ҳизб аст, ки бояд дар як сол на кам аз 4 маротиба Шӯрои сиёсӣ баргузор мегашт. Яъне ӯ (Саидҷаъфар Усмонов,-идора) ҳавасманди баргузории ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲДТ нест”.
Гуфта мешавад, 7 узви Шӯрои сиёсии ҲДТ, аз ҷумла Шаҳбози Аброр, Восеъ Ғафуров, Абдуҷаббор Юлдошев, Аҳмадшоҳ Комилзода, Зӯҳро Мирзоева, Мирзо Нуриддинов ва Диловар Холов ташкилкунандагони аслии анҷумани ғайринавбатии ҲДТ дар рӯзи 11-уми май мебошанд.
Аҳмадшоҳ Комилзҳода, узви Шӯрои сиёсии ҲДТ гуфт, 7 узви Шӯро сиёсӣ аз ҷумлаи 11 нафар, ки аз се ду ҳиссаро ташкил мекунад, даъвои баргузории анҷуман доранд ва мехоҳанд, фаъолияти чанд соли охири ҳизбро баррасӣ ва ба корҳои раиси ҳизб баҳо диҳанд.
Ба гуфтаи Комилзода, дар ҷаласаи рӯзи 11-уми май се мавзӯъ: баррасии фаъолияти ҳизб баъд аз анҷумани соли 2022, гузориши комиссияи назоративу тафтишотии дохилиҳизбӣ ва интихоби раис муҳокима мешавад.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки дар сафи ҲДТ ихтилоф сар мезанад. Чанд соли пеш низ ин ҳизб ба ҷиноҳҳои алоҳида тақсим шуда буд. Он замон бархе аз аъзоёни ҳизб Масъуд Собировро роҳбари ҳизб медонистанд ва теъдоде Саидҷаъфар Усмонзодаро. Аммо дар ниҳоят Вазорати адлия ҲДТ-ро бо роҳбарии Усмонзода эътироф кард ва Собиров аз роҳбарии ҳизб барканор шуд.
Чунин ба назар мерасад, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон бори навбатӣ вориди буҳрон шудааст ва аммо сабабҳо ва анҷоми он номаълум аст.