Дар остонаи баргузории нахустин фестивали ҷумҳуриявии “Суруди модар – Алла” дар Тоҷикистон, ки дар ҷашни Рӯзи модар – 8 март доир мегардад, мо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сурудҳои қадимаву муосири алла барои кӯдаконро гирдоварӣ намудем.

Модаркалон аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои набераи худ суруди алла мехонад.

Сарояндаи тоҷик Парвин Юсуфӣ бо суруди “Маҷнун”.

Дар Помир суруди маъмули алла барои кӯдакон таронаи Олег Фезов “Лалаик” бо забони шуғнонӣ шуморида мешавад ва Наргис Бандишоева бо ин суруд дар озмуни байнулмилалӣ соли 1989 ғолибият ба даст оварда буд.

Имрӯз модарон баъзе таронаҳои муосирро ба сурудҳои алла табдил додаанд, ки таронаи “Офтобаки ман”-и овозхон Нигина Амонқулова аз ҷумла онҳост.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.