Дар партави рӯйдодҳои ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” (Тоҷикистон) ва Агентии иттилоотии 24.kg (Қирғизистон) дар бораи ҳамкорӣ Ёддошт ба имзо расониданд.

“Дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам миёни аҳолии маҳаллӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Инъикоси ин рӯйдодҳо барои аҳолии ҳарду кишвар аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад. Замони муноқишаҳо расонаҳо бар асоси сарчашмаҳои расмӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон маводе ба нашр мерасонанд, ки на ҳамеша ба инъикоси рӯйдод бо инобати нуқтаи назари ҳамаи ҷонибҳои низоъ имкон медиҳад”, - қайд мешавад дар ёддошт.

Бо назардошти ин омилҳо, ду расонаи пешсафи Тоҷикистону Қирғизистон дар ин хусус созиш ҳосил намуданд:

1. Роҳандозии гуфтугӯ (чат)-и ягонаи доимӣ байни идораи расонаҳо барои инъикоси рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон;

2. Табодули маълумот дар бораи вазъ дар сарҳад дар реҷаи вақти воқеӣ;

3. Нашри маълумот бобати вазъ дар сарҳад бо истифода аз шарҳу тавзеҳҳо, маълумоти шоҳидони ҳодиса ва дигар мавод, ки ба корбарон имкон диҳанд дар бораи ҳодисаҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тасаввуроти мукаммал ҳосил намоянд.

Идораи расонаҳо бовар доранд, ки фаъолияти муштарак ба инъикоси саривақтӣ ва муфассали рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикиситону Қирғизистон шароити мусоид фароҳам месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.