Обуҳавои гарму тафсони Эрон Тоҷикистонро торафт фаро мегирад. Ҳарорат ҳамарӯза аз 40 дараҷа боло меравад.

Техника тоб намеорад, ҳавосардкунакҳо (кондитсионерҳо) аз кор мебароянд. Ногуфта намонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, чунин гармӣ то 3 август боқӣ мемонад.

Бештар нисфирӯзӣ ҳавои гарм тоқатфарсо мешавад ва эҳсос мекунӣ, ки агар ба берун бароӣ аланга мегирӣ.

Сафри назар аз ин, хабарнигори мо соати 13:00 ба кӯча баромада, яке аз назарияҳои марбут ба гармӣ - бирён кардани тухмро дар гармии офтоб санҷид. Аз ин чӣ натиҷае ҳосил шуд, дар навори видео тамошо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.