Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷиҳати кумаки моддӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳаҷми наздики 5 млн. сомонӣ кумаки моддӣ ҷудо намуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, бо қарори баимзорасида аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба муносибати 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 млн. 945,8 ҳазор ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 226,8 ҳазор сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва маблағи 4 млн 719 ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ҷудо намояд.

Гуфта мешавад, кумаки моддии ҷудошуда бояд то 7 сентябр ба шахсони таъиншуда расонида шавад.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи истиқлолият ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур дод, ки дар доираи қонунгузорӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, ятимон ва шахсони яккаву танҳо аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳо кумак кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.