Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ фардо, 25-уми октябр лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро баррасӣ ва шояд қабул мекунад.
Лоиҳаи қонунро масъулини Вазорати адлия ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ муаррифӣ кардаву шарҳ медиҳанд.
Ҷаласаи палатаи поёнии парлумон соати 10:00 оғоз мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро маъқул мешуморанд.
Пас аз қонун дар бораи авфро тасдиқ кардани палатаи поёнии парлумон ва имзои он аз ҷониби президент Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба озод кардани маҳкумшудагон оғоз мекунад.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 16-уми октябр ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кард.
Баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.
Мувофиқи моддаи 1-и лоиҳаи қонун, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:
- занон; ноболиғон; мардони аз синни 55 боло; маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯйи таснифи байналмилалӣ, ба омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда; иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд; шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ.
Дар Тоҷикистон авф маъмулан дар остонаи ҷашнҳои асосии давлатӣ эълон мешавад.
Ҳамин тариқ, соли 2014 ба ифтихори 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ (авфи тиллоӣ) 15 ҳазор нафар мавриди авф қарор гирифтанд.
Маълумоти муфассал дар бораи лоиҳаи қонун “Дар бораи авф” бо нишонии зерин дар сомонаи расмии сарвари давлат қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.