Шабонарӯзи наздик дар робита ба соф шудани ҳаво, поинравии ҳарорат дар саросари кишвар пешгӯйӣ шудааст.
Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ағбаҳои кишвар ҳавои то 21 дараҷа сард мешавад.
“Шабонарӯзи наздик субҳи дам ва шабона дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бинобар сабаби соф шудани ҳаво, поинравии ҳарорат дар водиҳо то 0-5, дар шимол то 8 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 10, дар ноҳияҳои кӯҳистон то 13 ва дар ағбаҳо 16-21 дараҷа ҳавои хунук дар назар аст”, - хабар медиҳад агентӣ.
Гуфта мешавад, дар аксари ноҳияҳо туман фаромада, баъзан дурии биниш то ба 200-500 метр мерасад.
Болоравии ҳароратро то 4-5 дараҷа обуҳавошиносон аз 1 то 5 декабр интизор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



