Субҳи имрӯз дар қубури гармидиҳӣ аз Дегхонаи ғарбии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба самти маҳаллаҳои Испечак, Зарафшон, 101, 102, 103 ва 104-уми пойтахт садама рух дод.
Бар асари он қисмати зиёди соҳили рости дарёи Душанбе бе гармӣ монд. Дар муассисаҳои томактабии ин қисмати шаҳр аз волидон дархост мекунанд, ки фарзандонашонро аз кӯдакистонҳо ба хона баранд, хонандагони мактабҳо аз дарсҳо озод шуданд. Аксари манзилҳои баландошёна низ бе гармӣ монданд.
Дар хадамоти танзим (диспетчерӣ)-и Маркази барқу гармидиҳӣ ва муассисаи давлатии “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба “Азия-Плюс” итминон доданд, ки дар ҷойи садама якчанд гурӯҳҳои таъмир машғули коранд, лекин дақиқ гуфта натавонистанд, ки кай гармидиҳӣ дубора барқарор мешавад.
“Мо кор карда истодаем ва вақти дақиқи интиқоли дубораи гармиро гуфта наметавонем”, - посух доданд дар хадамоти танзим.
Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе 1-уми ноябри соли 2019 оғоз шуда, маъмулан то моҳи апрел идома меёбад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.