Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан бобати анҷоми парвозҳои чартерии ҳамарӯза аз Русия аз Росавиатсия иҷоза гирифт.
“Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми парвоз бо хатсайрҳои иловагии чартерӣ барои бозгашти шаҳрвандонамон аз Росавиатсия иҷоза гирифт. То охири моҳи июл ҳар рӯз бонавбат ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ аз Маскав ба Душанбе парвоз мекунанд. Аз дигар шаҳрҳои Русия парвоз бо хатсайрҳои чартерӣ бо тартиби зайл аст: 2-то аз Новосибирск, 2-то аз Қазон, 1-то аз Уфа, 1-то аз Краснодар ва 2-то аз Санкт-Петербург”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз, 16 июл аз Русия ду парвоз бо хатсайрҳои чартерӣ анҷом дода мешавад: яке аз Маскав ва дигараш аз Екатеринбург.
“Пагоҳ, 17 июл парвоз бо хатсайр аз Санкт-Петербург ва 19 июл аз шаҳри Уфа парвоз ба нақша гирифта шудааст”, - иттилоъ дод манбаъ.
Зимнан зикр шуд, ки агар ҷониби Русия иҷоза диҳад, ҳавопаймоҳо аз Душанбе шаҳрвандони Русияро бо худ мегиранд, дар акси ҳол, ҳавопамйоҳо ба Маскав холӣ (бе мусофир) парвоз хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирон дар Русия аз он нигаронанд, ки бар асари ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус дар намояндагии дипломатӣ, сафорати Тоҷикистонро барои карантин баста метавонанд.
Ба саволи мо дар мавриди ин масъала манбаъ қайд кард, ки вазъият дар сафорат алҳол тинҷу ором буда, кормандони он бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
“Имрӯз ҳамаи кормандон бори дигар тести ташхиси коронавирус супориданд. Ба ҷуз се корманд, алҳол дигар сироятёфтагон ошкор нашудаанд. Сафоратро ба карантин намебанданд ва агар банданд ҳам, кормандон тариқи реҷаи онлайн ба кор идома медиҳанд. Мутаносибан, бақайдгирӣ ва тартиб додани рӯйхати мусофирон низ дар реҷаи онлайн анҷом дода мешавад”, - афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони худро аз кишварҳои хориҷӣ аз 25 июн шурӯъ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.